Истифодаи фарзанди маъюб дар ҷамъоварии маблағ

Кормандони мақомоти милитсия пойтахт сокини ноҳияи Рудакиро барои ҷалби фарзанди маъюбаш ба ҷамъоварии маблағ боздошт карданд. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян шудааст, ки ин шаҳрванд Хуршед Ҳабибуллоев, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзанди 17-солаи ӯ мебошад. Нисбат ба Хуршед Ҳабибуллоев, ки бо истифода […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони мақомоти милитсия пойтахт сокини ноҳияи Рудакиро барои ҷалби фарзанди маъюбаш ба ҷамъоварии маблағ боздошт карданд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян шудааст, ки ин шаҳрванд Хуршед Ҳабибуллоев, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзанди 17-солаи ӯ мебошад.

Нисбат ба Хуршед Ҳабибуллоев, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо қарори суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардида, барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳонида шудааст.

Рӯзи 7-уми июл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки тибқи иттилои муаллиф, ҳар саҳар марде як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, ба назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе меорад. Ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгшударо ба ҷайби худ андохта, писарбачаро бо худ мебарад.

Ин навор мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, онҳо аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе талаб карданд, ки нисбат ба кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосшуда чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.