Боздошти тоҷикистонии 23 сол таҳти пайгард қарордошта дар Оренбург

Date:

Кормандони пулиси вилояти Оренбурги Русия дар шаҳри Орск мардеро боздошт намуданд, ки 23 сол инҷониб таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

Тавре портали Orenday.ru хабар медиҳад, ин мард дар ҷараёни амалиёти пешгирии “Нелегал” (Муҳоҷири ғайриқонунӣ) боздошт шуда, маълум гардидааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, мавриди кофтукови байнулмилалӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, марди 42-сола аз ҷониби ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар як силсила ҳодисаҳои куштор мавриди кофтукови байнулмилалӣ эълон шудааст.

“Ба туфайли маҳорати касбии кормандони пулис, марди мавриди кофтуков бидуни истифода аз силоҳ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро истирдод ба Тоҷикистон интизор аст”, – қайд кардаанд дар Раёсати ВКД Русия дар вилояти Оренбург.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...