Осеби офати табиӣ ба сокинони Ашту Исфара

Сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашти вилояи Суғд аз омадани сели рӯзҳои 13 ва 14 июл бар асари боришоти шадид осеб диданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, сел ба 25 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал […]

Asia-Plus

Сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашти вилояи Суғд аз омадани сели рӯзҳои 13 ва 14 июл бар асари боришоти шадид осеб диданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, сел ба 25 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.

“Рӯзи 14 июл Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба миқдори зарурӣ маводи сӯхт ҷудо шуд ва бо ҷалби экскаватори VOLVO  6 километр роҳи дохили деҳа аз қуму шағал тоза карда шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, қарибиҳои шоми рӯзи 14 июл бар асари боридани борони шадид дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз селроҳаи Лангар сел омада, ба 8 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон селоба даромад.

“Сипас сел ба 4 замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Ҷӯйи Дам ворид шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.