Ҷоми футболи Тоҷикистон: ҷуфтҳои 1/8 финалӣ муайян шуданд

Date:

Имрӯз, 15 июл дар дафтари кории Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашии дастаҳои иштирокчии даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ); «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон); «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе); «Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода); «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд); «Файзқанд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар); «Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (ноҳияи Рӯдакӣ).

Баргузории бозиҳои марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 рӯзҳои 1-3 август ба нақша гирифта шудааст.

Имсол мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон бо шакли нав мегузарад. Ҳамаи марҳилаҳои мусобиқа (пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финалӣ) аз як бозӣ (қаблан аз ду бозӣ дар майдони худ ва дар меҳмонӣ) иборат хоҳад буд. Соҳибони майдон дар ин вохӯриҳо мувофиқи ҷадвали мусобиқаи Ҷом муайян карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дастаи ғолиби мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 ба намояндагии кишвар дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 ҳуқуқ пайдо мекунад. Дар сурате, ки агар як даста ҳам чемпиони кишвар ва ҳам соҳиби ҷом шавад, Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2021 дастаи дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати кишвар намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...