Раиси ПСС: “Бе интернет тиҷорат аз байн меравад”

Соҳибкорони Тоҷикистон, ки пешбурди тиҷоратро тариқи шакли онлайн қабул надоранд, шояд ояндаи наздик фаъолияти худро қатъ кунанд. Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки камбуди онҳо дар қодир набудан ба мутобиқшавӣ ба шароити нав ва боисрор пайгирии шаклу усули пешинаи савдо ифода меёбад. Пандемияи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон, ки пешбурди тиҷоратро тариқи шакли онлайн қабул надоранд, шояд ояндаи наздик фаъолияти худро қатъ кунанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки камбуди онҳо дар қодир набудан ба мутобиқшавӣ ба шароити нав ва боисрор пайгирии шаклу усули пешинаи савдо ифода меёбад.

Пандемияи коронавирус ба фаъолияти ПСС баъзе тағйирот ворид карда, баҳри мусоидат ба ширкатҳои содиркунандаи ватанӣ дар азхудкунии бозорҳои нави фурӯш Палата ҷиҳати гузаронидани тиҷорат ба реҷаи онлайн фаъолона тадбирҳо рӯйи кор мегирад.

“Мутаассифона, аксари тоҷирону ширкатҳо дар бораи афзалият ва суди тиҷорати онлайн тасаввуроти кофӣ надошта, шаклҳои анъанавии пешбурди онро афзалтар медонанд ва бо ин сабаб шояд ба наздикӣ бозори худро аз даст дода, фаъолияташонро қатъ кунанд”, – гуфт Ҷумъахонзода.

Ба гуфтаи ӯ, коҳиши хароҷот барои иҷораи майдони савдо, камшавии шумори ҳайати шахсӣ ва мутаносибан хароҷоти музди меҳнат, тавсеъаи имконоти паҳншавии маълумот дар бораи маҳсулот ва таблиғи он, дарёфти шарикон барои тиҷорати бузургу миёна дар кишварҳои дигар аз ҷумла афзалиятҳои муҳими савдои электронӣ мебошанд.

Барои қафо намондан аз тамоилҳои муосир ва беҳбуди самаранокии фаъолият ҷиҳати кумак ба ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти ватанӣ ва рушди тиҷорат дар Тоҷикистон, Палата ният дорад, ки Шӯрои тиҷорати электронӣ таъсис диҳад. Дар ин Шӯро масоили марбут ба пешбурди тиҷорат бо реҷаи онлайн мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон намоишгоҳҳои миллиро низ тариқи реҷаи онлайн баргузор карданист.

Масалан, Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Тоҷикистон-2020” тирамоҳи соли равон метавонад нахустин чорабинӣ дар шакли онлайн бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.