АНМН: Дар Тоҷикистон нашъаҷаллобон ба “синтетика” мегузаранд

Миқдори маводи психотропии мусодирагардида, ки истеъмолгаронаш асосан ҷавонон мебошанд, дар Тоҷикистон зиёд мешавад. “Сарфи назар аз камшавии маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал дар умум, мусодираи маводи нашъаовари героин ва маводи синтетикии психотропӣ афзуд, ки ба солимии инсон бештар зарароваранд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода. […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Миқдори маводи психотропии мусодирагардида, ки истеъмолгаронаш асосан ҷавонон мебошанд, дар Тоҷикистон зиёд мешавад.

“Сарфи назар аз камшавии маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал дар умум, мусодираи маводи нашъаовари героин ва маводи синтетикии психотропӣ афзуд, ки ба солимии инсон бештар зарароваранд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода.

Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра 1649 ҳаб (таблетка) ва 14,545 кг маводи синтетикии психотропӣ мусодира гардидааст, ки 8,8 кг ё худ 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1 тоннаву 186 кг 434 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 килову 388 грамм ё худ ба андозаи 9,6% камтар аст.

“Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавонон мебошанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллар нарх дорад. Ҷинояткорон ин маводро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд. Агенти оқибатҳои ҷиддии ин тамоилро дарк карда, барои аз байн бурдани қочоқи ин навъи воситаҳои нашъаовар ҳамаҷониба талош меварзад”, – иброз дошт Салимзода.

Ба гуфтаи сардори Агентӣ, дар Тоҷикистон маводи синтетикии психотропӣ истеҳсол намешавад ва онро тариқи қочоқ аз кишварҳои Аврпуо, инчунин Афғогистону Эрон ба ҷумҳурӣ ворид мекунанд.

“Дар як амалиёт гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор шуд, ки зиёда аз 5 ҳазор ҳабро дар автомашинаҳои барои фурӯш дар Тоҷикистон пешбинигардида аз Рига меовард”, – илова кард Шерхон Салимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.