Раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ: Саҳми лӯлиён дар ободонӣ бештар аз баъзе соҳибони мансаб аст

Date:

Як нафар аз лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон шудааст.

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бора имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Аз ноҳияи мо аз 5 касе, ки мукофоти раиси вилоятро гирифтанд, як нафараш лӯлитабор аст. Пул ва дарвоза сохтааст, рангу бор кардааст. Ҳамчунин ба камбизоатон кумак мекунад. Ҳоло мавсими кораш дар Русия аст. Имсол ба мо ваъдаҳои сахт додааст. Ҳатто мегӯяд: “Ҳамон мактаби №6-ро шахсӣ карда, диҳед, ман худам онро месозам”. Вақте ҳамон пулу дарвозаро сохтанд, ман шахсан ба ҳамон деҳа рафтам. Аз мардум пурсидам: “Ягон нафаратон маблағ додаед?”, гуфтанд, ки не, ҳамаашро худаш сохтааст. Аз ӯ пурсидам: “Чаро ин хел кардӣ?” ҷавоб дод: “Модарам гуфт, пулро соз, сохтам”. Деҳаашон 20 сол пул надошт. Мошин то назди заҳбури деҳа мерафт. Онҳо фаромада, аз даруни заҳбур мегузаштанд, то одами бегона ба деҳа надарояд. Роҳи дигари деҳаашон пули ларзонак аз болои ҷӯйи калони 16-метра аст. Барои ҳамин иқдом кардаву сохтааст”, – гуфт Убайдуллои Файзулло.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Саҳме, ки лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар корҳои ободонии деҳаи худ анҷом додаанд, дар баъзе деҳоти калоне, ки ҳама соҳиби мансабҳои баланданд, чунин корҳоро накардаанд”, – изҳор дошт раиси ноҳия, аммо шарҳ надод, кадом деҳоти калону мансабдоронро дар назар дорад.

МЕДИА (IFRAME)

Раиси ҷамоати Ҳалевард Файзиддин Кишваров дар робита гуфт: “Ин нафаре, ки раиси ноҳия зикр кард, сокини лӯлитабори деҳаи “Коммунист” Нуриддин Яронов мебошад. Ӯ дар Русия фаъолият мекунад. Дар аввали сол як пул ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ сохта, ба истифода дод. Ҳамчунин бо ҳамдеҳагонаш дарвозаи деҳаашонро ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ сохтанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа барои фаъолона иштирок карданаш дар сохтмони иншооти ҷашнӣ соҳиби мукофот ва ифтихорномаи раиси вилоят гардид. Ҳоло тасмим гирифтааст, як истгоҳи замонавӣ дар ҳудуди деҳаашон, ки наздики шоҳроҳ аст, бисозад”.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...