Парлумон 6 август рӯзи интихоботи президентиро эълон мекунад

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз, 20 июл дар бораи даъвати иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони чумҳурӣ қарор имзо кард. Он рӯзи 6 август баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон дар ин иҷлосия рӯзи интихоботи президентиро эълон мекунанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз, 20 июл дар бораи даъвати иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони чумҳурӣ қарор имзо кард. Он рӯзи 6 август баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон дар ин иҷлосия рӯзи интихоботи президентиро эълон мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, “ба гумони ғолиб, маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябри соли равон таъин мешавад”.

Ёдрас мекунем, ки муҳлати ваколатҳои президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 ноябри соли 2020 ба анҷом мерасад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, рӯзи интихоботи президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, на дертар аз ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда таъин мешавад.

Тибқи меъёрҳои Конститутсия, Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Ин маҳдудиятҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дахл надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.