Ӯзбекистон заминҳояшро аз ҳисоби оби Тоҷикистон обёрӣ мекунад

Date:

Обёрии заминҳои се вилояти Ӯзбекистон – Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах аз ҳисоби обгирии иловагӣ аз обанбори Қайроққуми Тоҷикистон (Баҳри тоҷик) амалӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати оби Ӯзбекистон, бо ин мақсад кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашии гуногун ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ мефиристад.

Ин қарор аз ҷониби Девони вазирони Ӯзбекистон 18 июли соли 2020 дар шароите қабул шудааст, ки имсол барои обёрии заминҳои кишт дар се вилояти зикршуда камбуди об ба мушоҳида мерасад.

Баҳри ташкили обгирии иловагӣ ба Тоҷикистон 5 пойгоҳи обкашии иқтидорашон 500 литр/сония бо расонидан ба баландии 10 метр, боз пойгоҳҳои обкашии навъҳои гуногун ва дигар воситаҳо оварда мешаванд.

Ғайр аз ин, барои ҷуброни хароҷоти корҳо дар пойгоҳҳои обкашӣ аз фонди эҳтиётии Девони вазирони Ӯзбекистон 1,5 млрд сӯм маблағ ҷудо мешавад.

Воситаҳои моддӣ-техникии ҷудошуда бебозгашт ба ихтиёри воҳидҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...