Сироятёбии 7 нафар наҷотбахшони тоҷик аз коронавирус

“Ҳарчанд наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон замони паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақаи хавфи баланд қарор гирифта буданд, метавон гуфт, ки аз пандемия эмин монданд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мазкур Рустам Назарзода. Ба гуфтаи ӯ, кормандони Кумита зиёда аз 4 ҳазор нафар тоҷикистониёнро, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ҳарчанд наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон замони паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақаи хавфи баланд қарор гирифта буданд, метавон гуфт, ки аз пандемия эмин монданд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мазкур Рустам Назарзода.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Кумита зиёда аз 4 ҳазор нафар тоҷикистониёнро, ки аз хориҷа ба ватан баргаштаву ба карантин гирифта шуда буданд, ҳамроҳӣ намуда, дар маросими гӯронидани шаҳрвандони аз вирус сироятёфта иштирок карданд.

“Хушбахтона, миёни наҷотбахшони тоҷик касе аз сирояти COVID-19 нафавтидааст. Ҳафт нафар кормандонамон, ки дар рухсатӣ аз сирояти коронавирус бемор шуданд, то имрӯз комилан шифо ёфтанд”, – гуфт Назарзода.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи сарбозону афсарони нерӯҳои Кумита аз коронавирус ташхис супорида, ҳамаи тестҳо натиҷаи манфӣ доданд.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки  имрӯз Кумита ба таври кофӣ имкону воситаҳо дорад, то ки кормандони худро аз сирояти коронавирус ҳимоя кунад”, – илова кард ӯ.

Гузориши видеоии муфассал аз ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.