Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирии Қирғизистон омода аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар Қирғизистон ба президенти ин кишвар Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон ҳамдардиву таъзияи амиқ изҳор гардида, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар Қирғизистон ба президенти ин кишвар Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон ҳамдардиву таъзияи амиқ изҳор гардида, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоста шудааст.

“Мо ҷараёни нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн гардидани вируси сироятии “Ковид-19”-ро бо изтироби амиқ пайгирӣ менамоем, – омадааст дар барқия. – Бовар дорам, ки Қирғизистони дӯст бо сарбаландӣ мушкилоти вобаста ба пандемияро бартараф мекунад ва тадбирҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ҷиҳати гирифтани пеши роҳи он ва ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ андешида мешаванд, ҳатман натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард”.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистонро анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигар, ки решаҳояшон аз умқи таърих маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

“Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо изҳори итминон намоям, ки ҷониби Қирғизистон метавонад дастгирӣ ва мусоидати имконпазири моро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад”, – таъкид мешавад дар фарҷоми барқия.

Имрӯз, 30 июл дар Қирғизистон рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус эълон шудааст. Дар тамоми қаламрави кишвар, бинои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои кишвар дар хориҷа парчами миллӣ поин оварда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз замони оғози пандемияи коронавирус дар Қирғизистон аз ин беморӣ ва илтиҳоби шуши вобаста ба он беш аз 1 ҳазору 300 нафар фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.