Коҳиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ

Date:

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 9,8 млрд сомониро ташкил дод, ки  аз нақшаи тасҳеҳшуда 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) камтар аст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, камшавии даромад асосан аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳои асосӣ: андозҳо аз даромад, фоида ва аксизҳо ба вуҷуд омадааст.

Бо ин сабаб иҷрои қисмати хароҷоти буҷет муяссар нашуд: қариб ҳамаи соҳаҳо маблағҳои пешбинишударо гирифта натавонистанд.

Лекин маблағгузорӣ ба соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноату сохтмон ва дигар фаъолияти иқтисодиву хизматрасонӣ аз ҳама бештар кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумати лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...