Коҳиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 9,8 млрд сомониро ташкил дод, ки  аз нақшаи тасҳеҳшуда 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) камтар аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, камшавии даромад асосан аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳои асосӣ: андозҳо аз даромад, фоида ва аксизҳо ба вуҷуд омадааст. Бо […]

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 9,8 млрд сомониро ташкил дод, ки  аз нақшаи тасҳеҳшуда 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) камтар аст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, камшавии даромад асосан аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳои асосӣ: андозҳо аз даромад, фоида ва аксизҳо ба вуҷуд омадааст.

Бо ин сабаб иҷрои қисмати хароҷоти буҷет муяссар нашуд: қариб ҳамаи соҳаҳо маблағҳои пешбинишударо гирифта натавонистанд.

Лекин маблағгузорӣ ба соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноату сохтмон ва дигар фаъолияти иқтисодиву хизматрасонӣ аз ҳама бештар кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумати лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.