Тоҷикистон суду зиёни узвият ба ИИАО-ро меомӯзад

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пайвастанд, омӯхта истодааст. “Танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта мешавад”, – иброз дошт ӯ. Ба гуфтаи вазир, бо назардошти таҷрибаи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пайвастанд, омӯхта истодааст.

“Танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ИИАО мавиди омӯзиш қарор дорад.

“Қарор дар бораи узвият ба ИИА ҳоло қабул нашудааст ва маълум ҳам нест, ки он кай аз ҷониби ҳукумат қабул мешавад”, – илова кард Завқизода.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки “қабл аз узвият ба ин ё он созмону иттиҳод, ҳамаи паҳлӯҳои мусбату манфии оқибати онро омӯхтан лозим аст”.

“Дар яке аз бандҳои шартномаи ИИАО зикр мегардад, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад, лекин мо медонем, ки қисмати зиёди буҷети кишвари мо аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад”, – қайд карда буд Каримзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.