Неругоҳи Сарбанд баъди ду сол пурра ба кор медарояд

Date:

Корҳои таъмиру навсозии чорумин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон аз рӯйи иқтидор – НБО Сарбанд соли 2022 ба итмом мерасад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии Сарбанд, 240 МВт-ро ташкил дода 4-умин неругоҳи калон аз лиҳози иқтидор пас аз нерӯгоҳи -и Норак (3000 МВт), Сангтуда 1 (670 МВт) ва Бойғозӣ (600 МВт) ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, он аз 6 агрегат иборат мебошад ва аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.

Бо мақсади таҷдиди пурраи нерӯгоҳи мазкур санаи   23 декабри соли 2013 байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 136 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Мувофиқи созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он  пурра иваз намудани  3 агрегат (№ 1,2 ва 5), қисман барқарор намудани 2 агрегат (3 ва 6), иваз намудани 2 адад автотрансформатори қудратии 220 МВА, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ дар нерӯгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Ёдрас мешавад, ки агрегати № 4-и нерӯгоҳ дар давоми солҳои  2010-2012  аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд пурра иваз карда шуда буд.

Зикр мегардад, ки мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисон, дар натиҷаи татбиқ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” иқтидори неругоҳ ба 252 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар нерӯгоҳ ва таъминоти нерӯи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...