Ҳар як сеюмин корхона дар Тоҷикистон зиёновар аст

Қарзи умумии кредитии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи ҳамин сол беш аз 53,3 млрд сомонӣ (5,2 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Аз ҷумла, ҳудуди 20 млрд сомонии қарзҳо ба корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо шумули “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Ширкати алюминии тоҷик […]

Asia-Plus

Қарзи умумии кредитии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи ҳамин сол беш аз 53,3 млрд сомонӣ (5,2 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Аз ҷумла, ҳудуди 20 млрд сомонии қарзҳо ба корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо шумули “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) рост меояд.

Вазни қиёсии корхона ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо ба ҳолати 1 июли соли равон ба 30,4% баробар аст.

Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаи саноати коркард (20,6%) ва сохтмон (14,6%) ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аввали соли гузашта ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Байни корхонаҳои бузург қарзи ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан зиёдтар аст, ки ба аввали нимсолаи дуюм 29,5 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,9 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.