Ҷарима ва сабукдӯшии корманди аквапарки “Делфин” барои дағалгуфторӣ ва таҳқири як ҷавонзан

Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3 август тариқи шабакаи Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳангоми дар аквапарки «Делфин» қарор доштанаш ҷавонписари тахминан 20-25-сола нисбаташ суханҳои таҳқиромез зада, ӯро назди модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ин ҳам дар […]

Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3 август тариқи шабакаи Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳангоми дар аквапарки «Делфин» қарор доштанаш ҷавонписари тахминан 20-25-сола нисбаташ суханҳои таҳқиромез зада, ӯро назди модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ин ҳам дар ҳоле будааст, ки дар ин рӯз хизматрасонӣ танҳо барои занон пешбинӣ гардида, воридшавии мардон қатъиян манъ буда, вале бар хилофи муқаррароти мазкур дар дохили он ҷавонписарон низ гаштугузор менамуданд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори санҷишӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҷавонписари дар расм инъикосёфта шаҳрванд Юсуфзода Фарҳод Туйчӣ, соли таваллудаш 13.03.1996, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчун мутахассис (инструктор) оид ба шиноварӣ дар муассисаи фароғатии аквапарки «Делфин» фаъолият карда, дар ҳақиқат дар вақти мамнӯъ вориди майдони асосии аквапарк гардида, бар замми он нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалгуфторӣ намудааст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба ӯ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (406 сомонӣ) ҷарима таъин шуд.

Зикр мегардад, ки илова бар ин, бо пешниҳоди мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Фарҳод Юсуфзода аз вазифаи мутахассис (инструктор) оид ба шиноварии аквапарки «Делфин» озод карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.