Боз тирпарронӣ. Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 1 тоҷикистонӣ куштаву марзбони қирғиз захмӣ шуд

Субҳи имрӯз дар қитъаи Исфараи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Сабаб ва ҷузъиёти ин ҳодиса алҳол маълум нест. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, тахминан соати 4-и субҳи санаи 6-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти […]

Субҳи имрӯз дар қитъаи Исфараи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Сабаб ва ҷузъиёти ин ҳодиса алҳол маълум нест.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, тахминан соати 4-и субҳи санаи 6-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои сарҳадии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.

“Айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст”, – омадааст дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матуоти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани афсари ин кишвар хабар дода, доир ба кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон чизе нагуфтааст.

Тавре хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ин ҳодиса бо истифода аз силоҳи оташфишон дар мавзеи Эки-Тоши ноҳияи Ботканд рух додааст.

“Шахсони номаълум аз ҷониби Тоҷикистон эҳтимол аз силоҳи шикорӣ ба суи хизматчии ҳарбии Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон тир парронида, дар натиҷа афсар аз дасташ захм гирифт. Ба ӯ кумаки зарурии тиббӣ расонида шуд. Вазъи солимии захмишуда қаноатбахш арзёбӣ мешавад”, – гуфтааст манбаъ ва илова кардааст, ки феълан вохӯрии намояндагони мақомоти сарҳадбонии ҳар ду кишвар ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.