“Барқи тоҷик”: Сатҳи об дар обанбори Норак тадриҷан баланд мешавад

Дар ширкат итминон медиҳанд, ки имрӯз дар таъминот бо барқ дар саросари кишвар ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ШСХК “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, сатҳи об дар обанбори Норак тадриҷан баланд мешавад. “Лекин дар бораи барқарори шудани содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Афғонистон ҳоло ҳарф задан барвақт аст”, – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ширкат итминон медиҳанд, ки имрӯз дар таъминот бо барқ дар саросари кишвар ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ШСХК “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, сатҳи об дар обанбори Норак тадриҷан баланд мешавад.

“Лекин дар бораи барқарори шудани содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Афғонистон ҳоло ҳарф задан барвақт аст”, – қайд кард ӯ.

Тибқи маълумоти ширкат, тӯли 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон 546,6 млн ва Ӯзбекистон – 358,3 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода шудааст.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, маҳдудияти интиқоли барқро, ки эҳтимол аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Дар муроҷиатнома зикр шуда буд, ки тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.

“Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, – қайд шуда буд дар муроҷиатнома. – Об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин кардани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

Дар бораи муҳлат ва реҷаи маҳдудсозии таъмини барқ чизе зикр нагардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.