ҲИИТ номзади худро ба мансаби президентӣ 24 август пешбарӣ мекунад

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) рӯзи 24 август дар Душанбе анҷумани ғайринавбатиашро баргузор намуда, дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲИИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Қудратов хабар дод, дар кори анҷуман наздики 60 нафар вакилон аз саросари кишвар ширкат варзида, дар он ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади […]

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) рӯзи 24 август дар Душанбе анҷумани ғайринавбатиашро баргузор намуда, дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲИИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Қудратов хабар дод, дар кори анҷуман наздики 60 нафар вакилон аз саросари кишвар ширкат варзида, дар он ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб баррасӣ мешавад.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.

Дар интихоботи 1 марти соли 2020 ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ панҷ нафар намояндагони ҲИИТ ба курсиҳои вакилӣ даст ёфтанд.

Аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол 3 ҳизб санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр ва Ҳизби коммунист – 5 сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.