Ширкати “Сафед-Дара” дар ҳамвории «Поляна Москвина» пойгоҳи кӯҳнавардӣ сохт

Ширкати “Сафед-Дара”  дар ҳамвории “Поляна Москвина”, ки дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, барои кӯҳнавардон (алпинистҳо) пойгоҳ (лагер)-и кӯҳнавардӣ сохт. Ҷойи сохтмон байни кӯҳнавардон хеле маъруф аст, зеро дар ин ҷо ду қулла – “Қуллаи Исмоли Сомонӣ” (Коммунизм) – баландиаш 7495 метр ва “Қуллаи […]

Asia-Plus

Ширкати “Сафед-Дара”  дар ҳамвории “Поляна Москвина”, ки дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, барои кӯҳнавардон (алпинистҳо) пойгоҳ (лагер)-и кӯҳнавардӣ сохт.

Ҷойи сохтмон байни кӯҳнавардон хеле маъруф аст, зеро дар ин ҷо ду қулла – “Қуллаи Исмоли Сомонӣ” (Коммунизм) – баландиаш 7495 метр ва “Қуллаи Озодӣ” (Корженевский) – баландиаш 7105 метр ҷойгиранд.

Фармоишгари лоиҳа ширкати “Сафед-Дара” ва паймонкори анҷоми корҳои сохтмон ҶСП “Қуллаҳои тоҷик” (Tajik peaks) мебошанд.

Дар ин ҳамворӣ замони шӯравӣ пойгоҳи кӯҳнавардӣ сохта шуда, лекин тӯли солҳои тӯлонӣ он кӯҳнаву фарсуда ва дар ҳолати начандон хуб қарор дошт. Маълумоти муфассал дар ин бора бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Ҳамзамон дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол то моҳи сентябр корҳои таъмир ҷараён мегиранд, ки барои интиқоли кӯҳнавардон ба пойгоҳ истифода бурда мешавад. Вақти парвоз бо чархбол аз ин фурудгоҳ то пойгоҳ 30 дақиқа вақтро мегирад.

Аксбардори мо аз ин пойгоҳ суратгузориш таҳия намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио