Боздошти ронандае, ки сабаби марги 4 пиёдагард гардид

Дар ноҳияи Шаҳринав ронандаи масти фирорӣ, ки чор нафар пиёдагардро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст, боздошт гардид. Ба иттилои ВКД, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба вуқуъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи 32-сола Журабек Менглиев, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ноҳияи Шаҳринав ронандаи масти фирорӣ, ки чор нафар пиёдагардро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст, боздошт гардид.

Ба иттилои ВКД, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба вуқуъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи 32-сола Журабек Менглиев, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бархӯрдааст. Пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро пахш менамояд, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатияшон, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Инчунин, ронандаи автомобили «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 96-70 АМ 03 Журабек Менглиев баъди содиршавии садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 (идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад) қисми 5 ва 127 (дар хатар Монондан) қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.