Дар ВМКБ марди 50-сола худро ба дарёи Шоҳдара партофт

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо қасди худкушӣ дошт. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ марди 50-солаи сокини деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Шоҳдара партофт. “Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда […]

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо қасди худкушӣ дошт.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ марди 50-солаи сокини деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Шоҳдара партофт.

“Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда дирӯз натиҷа надод, – қайд мешавад дар хабари Кумита. – Аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд. Сабаби худкушӣ таҳқиқ мешавад”.

Гуфта мешавад, ҷасади зани сисола, сокини ноҳияи Раштро, ки худ ва се фарзандашро ба дарёи Сурхоб афканда буд, дирӯз имдодгарони Кумита дар минтақаи Рашт пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

“Дар рӯзи аввали ҷустуҷӯ имдодгарон танҳо духтари сесолаи ӯро пайдо карда буданд, – қайд мешавад дар маълумот. – Ҷасади ин зан 25 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар мавзеъи Даҳанаи ҷамоати Оби Меҳнат пайдо шудааст. ҷустуҷӯи писари 9-сола ва духтари 6-солаи ӯ идома дорад”.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 17 август як сокини 17-солаи деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб вақти оббозӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, сокинони деҳа тахминан 20 метр поёнтар аз ҷойи воқеъа ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.