КДАМ Тоҷикистон мансабдори баландпояи АНМН-ро дастгир кард

Date:

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон рӯзи 19 август сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ подполковник Сайфиддин Баротзодаро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҷумҳурӣ, ӯ барои он дастгир шудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбат ба боздоштшуда подполковник Баротзода мутобиқи моддаи 247, қ.4, банди «б»-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аз дигар ҷузъиёти ҳодисаи мазкур маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...