Кордкашии наврасони 16 ва 17-сола дар Душанбе ва Ҳисор

Date:

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор кормандони мақомоти милитсия ҳодисаҳои муноқишаи наврасон бо истифода аз кордро ба қайд гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили дӯкони “Тез-Тайёр”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон сокини ноболиғи 16-сола бо корд ба сокини 17-солаи Душанбе ҳамла кардааст.

“Ӯ 3-маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида бо корд зарба зада, дар натиҷа ӯ бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ гардидааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Ҳисор ҷавони 17-сола ҳангоми муноқишаа сокини 21-солаи маҳаллиро бо корд захмӣ кардааст, ки дар натиҷа ҷабрида дар бемористон бистарӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...