ҲИИТ номзади худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Вакилони анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро номзад ба мансаби президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. Дар интихоботи 1 марти соли 2020 панҷ нафар […]

Вакилони анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро номзад ба мансаби президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.

Дар интихоботи 1 марти соли 2020 панҷ нафар намояндагони ҲИИТ ба курсиҳои вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш – Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол рӯзи баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 21 август изҳор дошт, ки ташкилотҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар мухолифи иштироки сотсиал-демократҳо дар интихоботи президентӣ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.