Обуҳавои охирин ҳафтаи тобистон чӣ гуна мешавад?

Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар чанде аз минтақаҳои кишвар шиддатёбии вазиши шамол ва ба вуҷуд омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с пешбинӣ мешавад. “Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар мавзеи Айвоҷ, Панҷи поён, ноҳияҳои Панҷ, Рашт, Тавилдара, Файзобод, […]

Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар чанде аз минтақаҳои кишвар шиддатёбии вазиши шамол ва ба вуҷуд омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар мавзеи Айвоҷ, Панҷи поён, ноҳияҳои Панҷ, Рашт, Тавилдара, Файзобод, Дарвоз, Рӯшону Ишкошим, шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Қайроққум ва Хоруғ вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с дар назар аст”, – хабар дода мешавад дар торнамои Агентии обуҳавошиносӣ.

Гуфта мешавад, бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол дар ноҳияҳои болозикр бо истисно аз вилояти Суғд, бавуҷудоии тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр дар назар буда, обуҳавошиносон борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ мекунанд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19° гарм, рӯзона 33+35 гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21° гарм, рӯзона 32+37° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13+19° гарм, рӯзона 26+31° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон обуҳавои бебориш дар назар буда, вале чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+25° гарм, рӯзона 34+39° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 17+22° гарм, рӯзона 27+32° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ ва шиддатнокии вазиши шамол то 12-17м/с пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24° гарм, рӯзона 29+34° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12° гарм, рӯзона 19+24° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои камабри тағйирёбанда, дар ғарби вилоят дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар шарқи вилоят – ҳавои аксаран бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18° гарм, рӯзона 28+33° гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.