Ташкили 29 қитъаи интихоботӣ дар 29 кишвар дар маъракаи интихоботи президент

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияро баргузор намуд, ки дар он масоли марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии ба рӯзи 11 октябр таъингардида баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМИР ҶТ, бо қарори Комиссия барои иштироки шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, дар 29 […]

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияро баргузор намуд, ки дар он масоли марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии ба рӯзи 11 октябр таъингардида баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМИР ҶТ, бо қарори Комиссия барои иштироки шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, дар 29 кишвари хориҷӣ дар назди сафорат, намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон 29 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад.

Қаблан бо қарори КМИР Тоҷикистон, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, барои баргузории интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ бо зикри қаламрав ва шумори пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо рақам ва номгузорӣ карда шуданд.

Айни замон аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш – Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.