Ҳалокати 2 халабони тоҷик дар пайи садамаи ҳавопаймо дар Судони Ҷанубӣ

Date:

Дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои боркаши Ан-26 ширкати South West Aviation дар Судони Ҷанубӣ 2 халабон (лётчик)-и тоҷикистонӣ ҳалок шуданд. Ҳавопаймо рӯзи 22 август баъди чанд дақиқаи парвоз аз пойтахти ин кишвар – шаҳри Ҷуба ба садама дучор шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми садама ду халабони тоҷик – Қодиров Парвиз ва Мираҳмедов Мирсултон ба ҳалокат расидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Тибқи маълумоти доштаи мо, Парвиз Қодиров як ҳафта пеш барои кор ба Судон рафтааст. Ӯ халабони дуюм буд. Бародари ӯ Хуршед бо дархости интиқоли ҷасади Парвиз ба ватан ба мо муроҷиат кард”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар Вазорат зикр карданд, ки халабони дигари ҳалокшуда Мирсултон Мираҳмедов шаҳрванди Русия мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дар даст надорад.

EADaily хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти намояндаи фурудгоҳ, ҳавопаймо аз Ҷуба ба шаҳрҳои Вау ва Авейл раҳсипор будааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хабаргузории Синхуа дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари суқути ҳавопаймо 17 нафар ҳалок шудаанд, ки 2 нафарашон аъзои экипаж мебошанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории мустақили “Ахбор”, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки як нафар зинда монда, ӯро ба бемористон интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо борҳои мухталиф, аз ҷумла мотосиклҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, маводи хӯрока ва ҳамчунин маблағи бузург барои пардохти маоши коргарони як корхонаи бузургро мебурд. Дар видеоҳо дида мешавад, ки сокинони маҳаллаҳои атроф пулҳои аз ҳавопаймо пошидаро мечинанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...