Ҳалокати 2 халабони тоҷик дар пайи садамаи ҳавопаймо дар Судони Ҷанубӣ

Дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои боркаши Ан-26 ширкати South West Aviation дар Судони Ҷанубӣ 2 халабон (лётчик)-и тоҷикистонӣ ҳалок шуданд. Ҳавопаймо рӯзи 22 август баъди чанд дақиқаи парвоз аз пойтахти ин кишвар – шаҳри Ҷуба ба садама дучор шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми садама ду халабони тоҷик […]

Дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои боркаши Ан-26 ширкати South West Aviation дар Судони Ҷанубӣ 2 халабон (лётчик)-и тоҷикистонӣ ҳалок шуданд. Ҳавопаймо рӯзи 22 август баъди чанд дақиқаи парвоз аз пойтахти ин кишвар – шаҳри Ҷуба ба садама дучор шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми садама ду халабони тоҷик – Қодиров Парвиз ва Мираҳмедов Мирсултон ба ҳалокат расидаанд.

“Тибқи маълумоти доштаи мо, Парвиз Қодиров як ҳафта пеш барои кор ба Судон рафтааст. Ӯ халабони дуюм буд. Бародари ӯ Хуршед бо дархости интиқоли ҷасади Парвиз ба ватан ба мо муроҷиат кард”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар Вазорат зикр карданд, ки халабони дигари ҳалокшуда Мирсултон Мираҳмедов шаҳрванди Русия мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дар даст надорад.

EADaily хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти намояндаи фурудгоҳ, ҳавопаймо аз Ҷуба ба шаҳрҳои Вау ва Авейл раҳсипор будааст.

Хабаргузории Синхуа дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари суқути ҳавопаймо 17 нафар ҳалок шудаанд, ки 2 нафарашон аъзои экипаж мебошанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории мустақили “Ахбор”, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки як нафар зинда монда, ӯро ба бемористон интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо борҳои мухталиф, аз ҷумла мотосиклҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, маводи хӯрока ва ҳамчунин маблағи бузург барои пардохти маоши коргарони як корхонаи бузургро мебурд. Дар видеоҳо дида мешавад, ки сокинони маҳаллаҳои атроф пулҳои аз ҳавопаймо пошидаро мечинанд.

https://www.youtube.com/watch?v=_vjJLw-bHl0

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.