Туркманистон ба сохтмони роҳи оҳан то сарҳади Тоҷикистон идома медиҳад

Мутахассисони туркман ба корҳои сохтмон дар шохаи роҳи оҳани Оқина – Андхой дар қаламрави Афғонистон машғуланд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон. Шохаи роҳи оҳани мазкур қисмате аз долони нақлиётии роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон мебошад. Дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳамедов изҳор дошт, ки корҳои сохтмон дар роҳи оҳан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони туркман ба корҳои сохтмон дар шохаи роҳи оҳани Оқина – Андхой дар қаламрави Афғонистон машғуланд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.

Шохаи роҳи оҳани мазкур қисмате аз долони нақлиётии роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳамедов изҳор дошт, ки корҳои сохтмон дар роҳи оҳан аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Афғонистон идома доранд.

Ӯ қайд кард, ки бунёди роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Туркманистон ва бо истифода аз захираҳои кадрӣ ва моддии ин кишвар ҷараён дорад.

“Оянда дароз шудани ин шохаи роҳи оҳан то сарҳад бо Тоҷикистон ва минбаъд баромадан ба кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар назар аст”, – гуфтааст президенти Туркманистон.

Сохтмони қитъаи роҳи Оқина -Андхой, аз сарҳади Туркманистон то Фароби Афғонистон бо масофаи 35 километр моҳи июли соли гузашта оғоз гардид.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.