Ҷашни Рӯзи истиқлолият дар Тоҷикистон имсол хоксорона таҷлил мегардад

Date:

Дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар шаҳру навоҳии кишвар бо мақсади пешгирӣ аз сиряти коронавирус намоишҳои анъанавии театришуда, сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳои идона баргузор намешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имсол дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии маъмулии идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар доир намегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, шароити имсолаи вобаста ба пандемияи коронавирус талаб мекунад, ки чорабиниҳо бо иштироки издиҳоми мардум ва сайругаштҳои оммавӣ маҳдуд карда шавад.

Дар сурати баргузор намудани ҷашнҳо ба ин муносибат аз ҷониби корхонаҳо риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ тақозо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки то ин дам дар Тоҷикистон 8 ҳазору 346 ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта, шумори фавтидагон аз ин беморӣ дирӯз ба 67 нафар расид. Дар ин давра 7 ҳазору 142 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, беш аз 1 ҳазор нафари сироятёфтагон дар кишвар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...