Ду бозии футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаи Ӯзбекистон

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз 25 август то 8 сентябр дар шаҳри Гулистон давраи тамрину омодагӣ мегузаронад. Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи ин машқҳо баргузории ду бозии рафиқона бо ҳамсолон аз тими Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Сармурабии даста Мубин Эргашев 23 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 […]

Аваз Юлдошев

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз 25 август то 8 сентябр дар шаҳри Гулистон давраи тамрину омодагӣ мегузаронад.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи ин машқҳо баргузории ду бозии рафиқона бо ҳамсолон аз тими Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Сармурабии даста Мубин Эргашев 23 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ба ин машқҳо даъват кардааст.

Бозигарони дастаи “Локомотив-Помир” дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров пас аз бозии рафиқонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон, ки 3 сентябр дар Тошканд доир мегардад, ба сафи даста ҳамроҳ мешаванд.

Дар доираи ҷамъомади машқу омодагӣ дар Гулистон баргузории 2 бозии дӯстона бо ҳамсолон аз тими Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Бозиҳо рӯзҳои 3 ва 6 сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Дар Чемпионати Осиё-2020 байни мунтахабҳои футболи ҷавонони синни то 19-сола, ки аз 14 октябр то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Майлайзия (16 октябр), Яман (19 октябр) ва Қатар (22 октябр) рақобат мекунад.

Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон ба Чемпионати ҷаҳон-2021 (U-20) дар Индонезия роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.