БОР 3 соли наздик ба Тоҷикистон $323 млн кумаки бебозгашт медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) дар нақша дорад, ки дар давраи солҳои 2021-2023 ба Тоҷикистон ба маблағи 323 млн доллар кумаки бебозгашт диҳад. Тавре хадамоти матбуоти БОР хабар медиҳад, маблағҳо ба қонеъ сохтани талаботи кишвар ба рушд равона мегарданд. Ғайр аз ин, дар ин давра БОР ба ҷумҳурӣ ба сифати кумаки техникӣ барои таълиму донишомӯзӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) дар нақша дорад, ки дар давраи солҳои 2021-2023 ба Тоҷикистон ба маблағи 323 млн доллар кумаки бебозгашт диҳад.

Тавре хадамоти матбуоти БОР хабар медиҳад, маблағҳо ба қонеъ сохтани талаботи кишвар ба рушд равона мегарданд. Ғайр аз ин, дар ин давра БОР ба ҷумҳурӣ ба сифати кумаки техникӣ барои таълиму донишомӯзӣ ва таҳияи лоиҳаҳо 5,25 млн доллари дигар ҷудо мекунад.

“Ин нақша ба дастгирии ҳадафҳои Стратегияи миллии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 нигаронида шуда, бо Стратегияи БОР барои давраи то соли 2030 мувофиқа мешавад, – изҳор доштааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава.

Ба гуфтаи ӯ, дар нақша инчунин гузаштан ба стратегияи шарикии БОР бо кишвар дар давраи солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст, ки айни замон мавриди таҳия қарор дошта, ба ҷараёни номуайяни пандемияи COVID-19 мутобиқ мегардад.

Нақша барои солҳои 2021-2023 лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои обӣ, инчунин рушди зерсохтори шаҳрӣ ва бахши энергетикаро дар бар мегирад.

БОР инчунин дастгирии лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳбуди бахши молиявӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва беҳбуди минбаъдаи вазъи роҳҳоро низ ба нақша гирифтааст.

Илова бар ин, ба нақша лоиҳаҳо дар мавриди пешбурди идоракунии электронӣ ва беҳбуди сатҳи таълим дар соҳаи илмҳои табиӣ, технология, муҳандисӣ ва математика низ дохил шудаанд.

Маблағи ниҳоии кумаки пешбинишудаи БОР ба омилҳои гуногун, аз қабили мавҷуд будани захираҳо, омодагии лоиҳаҳо ва натиҷаҳои арзёбии дастовардҳои миллӣ дар кишвар вобаста хоҳад буд.

Соли 2020 аз ҳаҷми умумии 320 млн доллар кумаки БОР ба Тоҷикистон бо шумули лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии соҳаи давлатӣ, маориф ва энергетика интизорӣ меравад. Ба ин маблағ бастаи вокуниши фаврӣ нисбат ба на COVID-19 дар ҳаҷми 52,5 млн доллар низ дохил аст.

Аз замони ба узвияти БОР пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 1998, Бонк ба кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млрд доллар кумаки молиявиро тасдиқ намуд, ки аз ин миқдор наздики 1,4 млрд доллараш ба сифати грант дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.