Хатлон: як ҷавонзани 20-сола ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд

Як зани 20-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони дуздии маблағ ва телефони мобилӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст. Бино ба иттилои ВКД,  сокини шаҳри Бохтар Ҳамза Каримов ба РВКД дар вилояти Хатлон, бобати аз манзили истиқоматияш аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ ариза додааст. “Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як зани 20-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони дуздии маблағ ва телефони мобилӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои ВКД,  сокини шаҳри Бохтар Ҳамза Каримов ба РВКД дар вилояти Хатлон, бобати аз манзили истиқоматияш аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ ариза додааст.

“Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур як нафар сокини шаҳри Турсунзода, деҳаи Файзобод, Пӯлод Муслимаи 20-соларо ҳамчун гумонбари ин ҷиноят дастгир намуданд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, дар хонаи ҷабрдида чанд муддат иҷоранишин буда, шабона, ҳангоме, ки соҳибхонаҳо хоб будаанд, 16 ҳазор сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy S9»-ро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Зикр мегардад, ки нисбати Пӯлод Муслима дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.