Ҳамсояҷанг дар Душанбе ба ҳабсу ҷаримаи ҷонибҳо анҷомид

Сокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе Далер Каримзодаи 20-сола доимо бо ҳамсояҳои худ мноқишаи лафзӣ карда, онҳоро таҳқир ва шаъну эътиборашонро паст мезад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан […]

Asia-Plus

Сокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе Далер Каримзодаи 20-сола доимо бо ҳамсояҳои худ мноқишаи лафзӣ карда, онҳоро таҳқир ва шаъну эътиборашонро паст мезад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан ва муноқишаи ӯ бо як нафар ҷавонписар инъикос ёфтаааст.

“Чанде пеш Далер Каримзода Карим бори навбатӣ бо ҳамсоягони худ муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ мегӯяд, ки дар натиҷа  ҳамсояҳои ӯ – духтару модар ба сари ӯ омада мардро мавриди таҳқиру дашном қарор додаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, Далер Каримзода барои майдаавбошӣ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, “ҳарифон”-и ӯ – модару духтар мутаносибан ба маблағи 580 ва 456 сомонӣ ҷарима шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.