Муҳоҷирони тоҷики кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷотдода аз КҲФ мукофот гирифтанд

Муҳоҷирони тоҷик Далер ва Фирдавс, ки ҳангоми сӯхтор дар Маскав кӯдаконро наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мукофот гирифтанд. “Шоҳидоне, ки кӯдаконро ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Кубинка наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулода мактуби изҳори миннатдорӣ гирифтанд. Ҳанӯз то омадани кормандони хадамоти таъҷилӣ Далер ва Фирдавс бо зинапояи оташнишонӣ кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Муҳоҷирони тоҷик Далер ва Фирдавс, ки ҳангоми сӯхтор дар Маскав кӯдаконро наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мукофот гирифтанд.

“Шоҳидоне, ки кӯдаконро ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Кубинка наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулода мактуби изҳори миннатдорӣ гирифтанд. Ҳанӯз то омадани кормандони хадамоти таъҷилӣ Далер ва Фирдавс бо зинапояи оташнишонӣ кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба берун фароварданд. Кӯдаконе, ки рӯзи ҳодиса бо наҷотбахшони худ шинос шуданд, низ аз Вазорат туҳфаҳо гирифтанд”, – хабар медиҳад шабакаи Telegram-и "Москва 24".

Ёдрас мекунем, ки субҳи 26 август дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав сӯхтор сар зада, оташ майдони 55 метри мураббаъро фаро гирифт. 16 нафар наҷот дода шудаанд.

Тоҷикистониён нахуст ба як зане бо захмҳои сӯхта, ки аз даромадгоҳ мебаромад, кумак карда, сипас кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба поён фароварданд.

Ба гуфтаи падари кӯдакон, ҳангоми сӯхтор ҷавон аз тиреза гуфтааст: “Кӯдакро ба ман диҳед” ва бо зинапояи оташнишонӣ ӯро ба поин фаровардааст.

“Ба тиреза нигоҳ кардам, ки як ҷавоне бо зинапояи оташнишонӣ боло меояд ва гуфт: “Кӯдакро ба ман диҳед”. Духтарамро ба дасти ӯ додам ва онҳо поин фаромаданд. Дар фикри додани писарчаамон будем, ки кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулода расиданд. Онҳо боло баромада, ба ӯ ниқоби кислородӣ бастанд ва ба поин расониданд. Дар пайи онҳо мо ҳам фаромадем. Лозим аст, ки чунин одамон зиёд бошанд. Агар онҳо намебуданд, намедонистам, ки ҳоли мо чӣ мешуд”, – гуфтааст падари кӯдакон ва ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.