Бохти дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Ӯзбекистон

Дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр бо тими миллӣ ва ҷавонони Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор карданд. Дар бозии мунтахабҳои миллӣ, ки дар Тошканд доир гардид, шогирдони Усмон Тошев бозиро бо ҳисоби 2:1 бохтанд. Ҳисоб қариб то охири бозӣ мусовӣ – 1:1 буд ва тӯби дуюмро футболбозони ӯзбек аз ҷаримаи 11-метра ба самар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр бо тими миллӣ ва ҷавонони Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор карданд.

Дар бозии мунтахабҳои миллӣ, ки дар Тошканд доир гардид, шогирдони Усмон Тошев бозиро бо ҳисоби 2:1 бохтанд.

Ҳисоб қариб то охири бозӣ мусовӣ – 1:1 буд ва тӯби дуюмро футболбозони ӯзбек аз ҷаримаи 11-метра ба самар расониданд.

Дар бозии мунтахаби ҷавонон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, футболбозони ӯзбек бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд.

Акнун дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба ватан баргашта, мунтахаби ҷавонон ба машқу тамринҳои худ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома медиҳад.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 сентябр дар Хуҷанд байни мунтахабҳои футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як вохӯрӣ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳар ду вохӯрӣ дар шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”-и Тоҷикистон намоиш дода шуд. Шабакаи “Спорт”-и Ӯзбекистон пахши мустақими бозии мунтахабҳои миллиро намоиш дод.

Шореҳони телевизиони Ӯзбекистон ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ин футболбози тоҷик чанде қабл аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳайати тими “Навбаҳор”-и Намангон гузашт, ки дар Суперлигаи футболи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.