Эмомалӣ Раҳмон дар 7 сол 2 баробар афзоиши даромади буҷети давлатиро ваъда медиҳад

Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, сарвари ҳозираи давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи пешазинтихоботии худ, ки дар шакли китобча (брошюра)-и алоҳида чоп шудааст, изҳор мекунад, ки даромади буҷети давлатии кишвар дар 7 соли минбаъда ду баробар зиёд мешавад. Яъне, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон, ки соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 26 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, сарвари ҳозираи давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи пешазинтихоботии худ, ки дар шакли китобча (брошюра)-и алоҳида чоп шудааст, изҳор мекунад, ки даромади буҷети давлатии кишвар дар 7 соли минбаъда ду баробар зиёд мешавад.

Яъне, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон, ки соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 26 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, соли 2027 – 52 млрд сомониро ташкил хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ваъда медиҳад, ки давоми 7 соли минбаъда ба ҳалли вазифаҳои зерини афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад:

– таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

– афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

– расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Ӯ ваъда медиҳад, ки сиёсати таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва рушди босуръати саноатикунонии кишварро идома медиҳад;

Эмомалӣ Раҳмон дар назар дорад, ки соли 2027 ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45% афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18% коҳиш дода мешавад.

Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 млрд сомонӣ равона мегардад.

Ҳамчунин ӯ дар нақша дорад, ки ҳамкории давлатро бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарчи бештар густариш диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.