МТС ҶТ: Ҳамгироии кишварҳои ОМ бештар ба ҳалли масоили обу энергетика вобаста аст

Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ҷиҳати баромадан ба сатҳи комилан нави боэътимоди муносибатҳо оид ба масъалаи обу энергетика даст ёфтанд. Дар ин бора зимни конфронси дурӯзаи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" муовини раиси Маркази тадқиоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳори назар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ҷиҳати баромадан ба сатҳи комилан нави боэътимоди муносибатҳо оид ба масъалаи обу энергетика даст ёфтанд. Дар ин бора зимни конфронси дурӯзаи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" муовини раиси Маркази тадқиоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳори назар кард.

Ӯ қайд кард, ки истифодаи имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа бо ҳиссаи зиёди энергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза имкон медиҳад.

Муҳаммадзода бар ин назар аст, ки дурнамои рушди ҳамгироии минатқавӣ ва таъмини амният дар минтақа бештар ба ҳалли минбаъдаи масоили обу энергетика вобаста хоҳад буд.

“Ҳалли маҷмӯавии вазифаҳои гузошташуда ба истифодаи оқилона ва пурсамари имконоти обиву энергеткӣ мусоидат намуда, рушди устувори истифодаи фаромарзии обро таъмин мекунад, ки ин яке аз самтҳои муҳимтарини рушди иқтисоди кишварҳои минтақа мебошад”, – гуфт ӯ.

Муҳаммадзода илова кард, ки истифодаи муштараки захираҳои бузург ва нодири минтақа, рушди муштарак татбиқи манфиатҳои кишварҳои минтақаро дар соҳаи сиёсату иқтисод ва ва фарҳангу амният кафолат дода метавонад.

Қобили зикр аст, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили обу энергетика баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.

Кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ норасоии захираҳои обии худро доранд. Ба Туркманистон аз хориҷ беш аз 95%, Ӯзбекистон – 77% ва Қазоқистон – беш аз 40% об ворид мешавад.

Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 млрд метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода мекунад.

Тибқи маълумоти ахир, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа тариқи зайл тақсим шудаанд:

– маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;

– маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.