Коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзҳои истироҳат шумори сироятёфтагон 87 нафар афзуд

Date:

То субҳи 21 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 346 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Дар рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 87 нафар зиёд шуд.

Гуфта мешавад, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, дар мамлакат  8 ҳазору 108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Донигоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди сироятёфтагон аз СOVID-19 дар саросари дунё то субҳи 21 сентябр зиёда аз 30,9 млн нафарро ташкил дода, 959,2 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева изҳор дошт, ки “тайи ҳафтаҳои охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 дар Тоҷикистон каме зиёд шудааст”.

“…Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад”, – қайд кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...