Ваҳдат: духтар дӯстдоштаашро бо бензин оташ зад

Духтари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ба ҷисми дӯстдоштааш бензин рехта, ӯро оташ задааст. Ин ҳодиса ҳанӯз рӯзи 28 август дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дода, ВКД Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод. “Кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Духтари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ба ҷисми дӯстдоштааш бензин рехта, ӯро оташ задааст.

Ин ҳодиса ҳанӯз рӯзи 28 август дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дода, ВКД Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод.

“Кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд. Ӯ аз ҳиссиёти рашк маъшуқаш –  ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз моеъи бензин оташ задааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Дар бораи сабабҳое, ки ба рашки духтар боис гардидаанд ва дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ҷавони 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.