Дар ҷанҷоли мухлисони футбол дар Хоруғ 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд

Date:

Миёни мухлисони футбол дар бозии дастаҳои маҳаллаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло” баъди анҷоми бозӣ ҷанҷолу сангзанӣ ва муноқиша сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои торнамои ВКД Тоҷикистон ин бозӣ бегоҳии 19 сентябр дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи №2-и Хоруғ сурат гирифтааст.

ВКД хабар медиҳад, ки дар натиҷаи сангзанӣ “аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 дона шишаи тирезаи мактаби №2, 7 шишаи хонаҳои истиқоматӣ, 6 автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 дона шишаи тирезаи бинои БДА «Амонатбонк» шикаста шудааст".

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло маълум нест, ки далели аслии ҷанҷол чист ва пушти ин қазия чӣ касоне қарор доранд. ВКД танҳо гуфтааст, ки “чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳгорон гузаронида шуда истодааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...