Муҳоҷирону демократия – 1, Роғун – 2: “Абарвожаҳо”-и барномаи номзадҳо

Дар ҳар интихоботе яке аз василаҳои муҳими шинохти номзадҳову ҳизбҳо барномаҳои онҳо мебошад. Агар дар кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан дар Тоҷикистони мо ба шахсияти номзадҳо таваҷҷуҳ кунанду райъ диҳанд, дар бархе кишварҳои дигар ба барномаи номзадҳо райъ медиҳанду ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳарчанд номзадҳои имсоли интихоботи президенти Тоҷикистон барномамеҳвар нестанд, вале Asia-Plus тасмим гирифт, ба василаи абзорҳои компутарӣ ҳисоб кунад, […]

Asia-Plus

Дар ҳар интихоботе яке аз василаҳои муҳими шинохти номзадҳову ҳизбҳо барномаҳои онҳо мебошад. Агар дар кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан дар Тоҷикистони мо ба шахсияти номзадҳо таваҷҷуҳ кунанду райъ диҳанд, дар бархе кишварҳои дигар ба барномаи номзадҳо райъ медиҳанду ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳарчанд номзадҳои имсоли интихоботи президенти Тоҷикистон барномамеҳвар нестанд, вале Asia-Plus тасмим гирифт, ба василаи абзорҳои компутарӣ ҳисоб кунад, ки дар барномаи кадом номзад, кадом калимае калидӣ ё абарвожа аст. Ҳарчанд ин вожаҳо бозгӯкунандаи моҳияти барнома нестанд, вале то андозае дарунмояи барномаҳоро рӯшан мекунанд. Мо, интихобан аз ҳар барномае 10 вожаро гирифтем. Биёед бо ҳам бибинем, ки инҳо кадомҳоянд, аммо ба ёд дошта бошед ин вожаҳоро мо не, барнома ҳисоб кардааст.

Абарвожаи барномаи Эмомалӣ Раҳмон: демократия ҳамагӣ 2 бор

Ба ҷуз вожаву феълҳои ёвар дар барномаи Эмомалӣ Раҳмон вожаҳои пуристифодашуда: кишвар – 56; рушд – 42; таъмин – 35; Тоҷикистон – 33; миллӣ – 28; давлат – 27; иқтисод – 22; аҳолӣ – 18; Роғун – 2; демократӣ – 2. Дар барномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ як бор вожаи муҳоҷирон истифода шудааст

Ленин дар барномаи коммунистҳо нест

Дар барномаи номзади ҳизби коммунист вожаву ибораҳои маъмули коммунистҳо – буржуазия, коммунизм, пролетариат дида намешаванд. Ҳатто ҷойе ҳам номи аосгузорони марксизм – Карл Марксу Энгелс ва доҳиҳои  коммунистҳо Ленину Сталин нест. Абарвожаҳои барномаи коммунистҳо инҳоянд: давлатӣ – 11; таъмин – 15; миллӣ – 7; иҷтимоӣ – 5; иқтисодӣ – 5; кишвар – 5; деҳот – 5; манфиатҳо – 4; маҳалгароӣ – 3; сотсиалистӣ – 1; Роғун – 1.

Ислоҳотгари иқтисодӣ ҳам аз муҳоҷирон як бор гуфт

Бо фарқ аз барномаи ҳизби аграрӣ дар барномаи ислоҳотгарони иқтисод вожаи аграрӣ 5 бор зикр шудааст. Дар барномаи ислоҳоти иқтисодӣ вожаи муҳоҷир (он) як маротиба ҳам ҳисоб нашудааст. Вожаи серистифодаи ислоҳотгарон: кишвар – 57; низом – 57; давлатӣ – 49; рушд – 46; ислоҳот – 22; миллӣ – 20; иқтисодӣ – 26; иқтисодиёт – 9; соҳибкорӣ – 9; манфиатҳо – 8;

Аграрариҳо ҳамагӣ 2 бор аграрӣ гуфтаанд

Барномаи ҳизби аграрӣ дар миёни номзадҳо кӯтоҳтарин барнома аст. Дар ин барнома ҳамагӣ 2 бор вожаи аграрӣ: як бор дар унвони бахш ва як мавриди дигар дар тезисҳо истифода шудааст. Вожаҳои пуристифодаи ин барнома: кишвар – 5; рушд – 5; кишоварзӣ – 5; зиндагӣ – 3; таъмин – 3; иқтисод – 3; миллӣ – 5; кор – 2; аграрӣ – 2; хоҷагиҳо-2.

Барномаи Ғаффоров: аз метро хабаре нест

Дар барномаи номзади сотсиалистҳо Абдуҳалим Ғаффоров аз вожаи метро дараке нест. Ҳарчанд ин номзад гуфта буд, ки агар раисҷумҳур шавад, дар Душанбе метро месозад. Вожаҳои серистифодаи дигар дар барномаи ин номзад инҳоянд: рушд – 14; иқтисодӣ – 8; иҷтимоӣ – 7; андоз – 6; деҳот – 6; камбизоат – 5; дастгирӣ – 5; миллӣ- 4; соҳибкорӣ – 3; сотсиалистӣ – 1; маъюбон – 1. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.