Ҳалокати 4 кӯдак зери чархи мошин тайи як шабонарӯз

Дар садамаҳои нақлиёти тайи як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 4 нафар ноболиғон ҳалок шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” пиёдагарди хурдсол, писарчаи 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи дигар дар шаҳри Ваҳдат рух дода, ронандаи […]

Дар садамаҳои нақлиёти тайи як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 4 нафар ноболиғон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” пиёдагарди хурдсол, писарчаи 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигар дар шаҳри Ваҳдат рух дода, ронандаи ноболиғи 13-солаи ҳамин шаҳр ҷинядухтари 2-солаи худро бо мошин пахш кардааст, ки духтарча дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Сокини ноҳия Шоҳин, ронандаи 33-сола низ кӯдаки 6-соларо бо автомашинааш пахш кардааст, ки дар натиҷаи писарча дар беморхона ҳалок шудааст.

Дар Истаравшан ронандаи “Старекс” назди хонаи хонааш набераи 5-солаи худро бо мошин пахш кардааст, ки дар натиҷаи аз ҷароҳатҳои бардошта писарча дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи далели ин ҳодисаҳои садамаи нақлиёт тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.