МОИ “Данғара”: “Ширкати “Ҳасан ва Ко” ба сохтмони ККН “TK-oil” ҳеҷ муносибате надорад

Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” муносибат доштани ширкати “Ҳасан ва Ко”-ро ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави ин минтақа рад кард. Пас аз рӯзи 18 сентябр ба нашр расидани маводи “Чаро корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара фаъолият намекунад?” маъмурияти МОИ “Данғара” ба идораи “Азия-Плюс” мактуб ирсол намуд. Дар мавод зикр гардида буд, […]

Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” муносибат доштани ширкати “Ҳасан ва Ко”-ро ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави ин минтақа рад кард.

Пас аз рӯзи 18 сентябр ба нашр расидани маводи “Чаро корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара фаъолият намекунад?” маъмурияти МОИ “Данғара” ба идораи “Азия-Плюс” мактуб ирсол намуд.

Дар мавод зикр гардида буд, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуда, онро ширкати муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин бунёд кард, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2013 директори ҶСП “Ҳасан ва Ко” Ҳасан Файзов дар ин хусус ба “Азия-Плюс” маълумот дода буд.

Ӯ он замон қайд карда буд, ки ҶСП “Ҳасан ва Ко” ва Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd-и Чин КМ «ТК-oil” таъсис дода, ояндаи наздик сохтмони корхонаи коркарди нафт (ККН) бо иқтидори навбати аввали 300 ҳазор тонна дар як сол ва минбаъд то ба зиёда аз 1 млн тонна расонидани иқтидори солонаи он оғоз мегардад.

«Барои корхона дар МОИ «Данғара» қитъаи замин ҷудо гардид. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин ва ашёи хом воридотӣ ва маҳаллӣ хоҳад буд. Ҳиссаи ҷонибҳо ба таври зайл тақсим шудааст: 10% ба ҷониби Тоҷикистон ва 90%-и боқимонда ба ҷониби Чин тааллуқ дорад», – шарҳ дода буд он вақт Ҳасан Файзов.

Ҳамчунин тайи шаш соли охир маълумот дар бораи иштироки “Ҳасан ва Ко” дар сохтмони ин ККН дар маълумоти ВАО, ки ба бунёди ин иншоот рабт доштанд, мунтазам оварда мешуд. Лекин танҳо акнун рад мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.