Истифодаи нуқтаҳои ройгони Wi-Fi ва хатарҳои он. Чӣ бояд кард, то маълумоти худро ҳифз кард

Имрӯзҳо мо ба истифодаи нуқтаҳои ройгони Wi-Fi дар марказҳои савдо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одат кардаем ва дигар зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонем. Аммо мо боре фикр накардаем, ки ин пайвастшавиҳо метавонад оқибатҳои нохуб ҳам дошта бошад. Пас аз пайвастшавӣ ба он қаллобон метавонанд ба маълумоти муҳими дастгоҳи Шумо дастрасӣ пайдо кунанд. […]

"Се нуқта"

Имрӯзҳо мо ба истифодаи нуқтаҳои ройгони Wi-Fi дар марказҳои савдо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одат кардаем ва дигар зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонем. Аммо мо боре фикр накардаем, ки ин пайвастшавиҳо метавонад оқибатҳои нохуб ҳам дошта бошад. Пас аз пайвастшавӣ ба он қаллобон метавонанд ба маълумоти муҳими дастгоҳи Шумо дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин кор тавре ба роҳ монда шудааст, ки вақте  шумо ба нуқтаи Wi-Fi ройгони сохтаи қаллобон бо истифодаи ноутбук бо корти махсус ва антена сохтааст, ба ин васила онҳо метавонанд ба смартфони Шумо дастрасӣ пайдо мекунанд: саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, маълумотҳои бонкии онлайн, мукотиба, аксҳо ва ғайра. Онҳо қобилияти нигоҳ доштани тамоми додаҳоеро доранд, ки шумо тавассути Wi-Fi ройгон интиқол медиҳед.

Барои Шумо чанд маслиҳат дар бораи солим ва бехатар нигоҳ доштани худ ва дастгоҳатон пешниҳод менамоем:

Кӯшиш кунед, ки аз шабакаҳои оммавӣ, ки шумо намедонед, канорагирӣ кунед ва беҳтараш тамоман Wi-Fi -ро истифода набаред.

1. Агар ин имконнопазир бошад, пас сайтҳоро бо протоколи боэътимоди пайвастшавӣ https истифода баред (аммо на http).

2. Пайвасти худкори Wi-Fi -ро хомӯш кунед.

3. Дар смартфони худ антивирус насб кунед, ки бо ёрии он шумо дар бораи фаъолияти шубҳанок дар шабакаи бесим огоҳ мегиред.

4. Барномаи VPN -ро насб кунед. Ин пайвастшавӣ маҳалли ҷойгиршавӣ ва дастгоҳи шуморо рамзгузорӣ мекунад.

5. Барои хариди онлайн аз корти виртуалии пардохт истифода баред. Масалан, Tinkoff Bank кортҳои маҷозиро ройгон медиҳад (ин гуна хизматрасонӣ то ҳол дар Тоҷикистон дастрас нест, – идора).  Афзалияти чунин корт дар он аст, ки шумо метавонед маблағи заруриро, ки барои харид харҷ кардан мехоҳед, интиқол диҳед. Пас аз пардохти мол, корт дигар эътибор надорад ва қаллобон ба ҳисоби асосӣ дастрасӣ пайдо карда наметавонанд.

Бехатарии дастгоҳҳо ва шабакаҳои иҷтимоии худро фаромӯш накунед, зеро аз смартфони корбар гирифтани рамз кифоя аст, то аз ҳаёти ӯ чизҳои зиёдеро омӯзед ва маълумотро бо ниятҳои гуногун  истифода баред.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.