Боздошти собиқ котиби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои порагирӣ

Date:

Собиқ котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Миҷгона Музаффарзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ӯ ҳаноми дар мансаби котиби суд қарор доштанаш ба ин амали ғайриқонунӣ даст задааст.

Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2019 ӯ зимни иҷрои вазифаи котиби суд аз шаҳрванд М.Солеҳзода барои мусоидат ҷиҳати таъини ӯ ба вазифаи котиби суд 5 ҳазор доллар маблағ талаб кардааст.

“Аз ин маблағ 25 ҳазор сомонӣ (наздики 2,5 ҳазор доолар)-ашро гирифта, пардохти маблағи боқимондаро талаб мекунад, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ. – 15 январи соли 2020 М.Музаффарзода ба ивази маблағи боқимонда автомашинаи “Опел-Астра”-ро мегирад”.

Зикр мегардад, ки нисбат ба гумонбаршуда мутобиқи моддаи 247, қ.3-и Кодекси ҷиноятиии ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...