На зиёдтар аз 3 сол. Қоидаҳои нави ҷойивазкунии ҳайати роҳбарӣ дар Агентии зиддифасод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ дастур дод, ки Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад. Мувофиқи ин қоидаҳо, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарии Агентӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Қабули ин тасмим, аз ҷумла “пешгирии ҳолатҳои имконпазири содир гардидани амалҳои коррупсионӣ ё мухолифати […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ дастур дод, ки Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад.

Мувофиқи ин қоидаҳо, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарии Агентӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад.

Қабули ин тасмим, аз ҷумла “пешгирии ҳолатҳои имконпазири содир гардидани амалҳои коррупсионӣ ё мухолифати манфиатҳо” маънидод мешавад.

Ҳамчунин қоидаҳои нав бо мақсади истифодаи пурсамари имконоти касбии кормандон, иҷрои дастурҳои махсусан муҳими давлатӣ, омода намудани кадрҳои раҳбарӣ ҷорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар қоидаҳо ба ҷойивазкунии корманди Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ва шуъба дар минтақаи Рашт пештар аз муҳлати муқарраршуда, лекин на камтар аз нисфи он иҷоза дода мешавад.

Дар санад қайд мешавад, ки дар баргузории ҷойивазкунии кормандон гирифтани розигии худи корманд зарур нест.

“Баҳсҳои вобаста ба баргузории ҷойивазкунӣ аз ҷониби ҳайати мушовара (коллегия)-и Агентӣ ҳаллу фасл мешаванд. Дар сурати норозигии корманди Агентӣ ба ҷойивазкунӣ, ӯ метавонад мутобиқи қонунгузорӣ ба суд муроҷиат кунад”, – зикр мегардад дар Қоидаҳои таҳияшуда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.