Вазири мудофиа ба эҷод накардани “мушкилот” дар ташкили даъват ба хизмат дастур дод

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоят машварати корӣ доир намуда, дар он масоили ташкии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр шурӯъ мешавад, баррасӣ шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар дод, вазир назди ҳозирин бобати ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоят машварати корӣ доир намуда, дар он масоили ташкии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр шурӯъ мешавад, баррасӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар дод, вазир назди ҳозирин бобати ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии ҷавонон қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҷумла, Шералӣ Мирзо ба комиссарони минтақаҳо дастур дод, ки қабули шаҳрвандонро роҳандозӣ намоянд, то ки волидони даъватшавандагон доир ба масоиле, ки ҳаллаш дар маҳалҳо имконпазир аст, ба сохторҳои ҷумҳуривӣ муроҷиат накунанд.

Ба гуфтаи Маҳмадализода, вазири мудофиаи кишвар аз комиссарони ҳарбӣ талаб кард, ки дар ҷараёни ташкили маъракаи даъват ба хизмат “мушкилот” эҷод насозанд.

Вазир таъкид дошт, ки теъдоди ҷавонони синнусолашон мувофиқ ба даъват чандин маротиба аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёдтар аст, ки ин ба бештар даъват кардани ҷавонони саводнок ва солим ба сафи артиши миллии кишвар имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.